Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи солонаи саҳмдорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода ҷаласаи умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғози ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозирин ба иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат, истифодаи пурраи имконияти табиӣ ва афзоиши истеҳсоли «энергияи сабз» аз ҳисоби захираҳои мавҷуда ҷалб карда шуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи солона оид ба фаъолияти истеҳсолию молиявӣ ва тафтишотии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2023 шунида шуда, хулосаи аудиторӣ пешниҳод гардид.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, соли 2023 дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» кор аз рӯи нақша ҷараён гирифта, дар самти иҷрои нишондодҳои нақшавӣ натиҷаҳои зарурӣ ба даст омадаанд. Айни замон бунёди иншооти муҳими аср ба таври шабонарӯзи идома дорад.
Инчунин ҷиҳати зиёд намудани сармояи оинномавӣ, ворид намудани тағйирот ба оиннома ва низомномаи мудирияти истифодабарии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» хулосаҳои зарурӣ қабул карда шуд.
Аъзои нави Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳайати 13 нафар, аъзои комиссияи тафтишотӣ, аъзои нави комиссияи баҳисобгирӣ, интихоб ва аудитори Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласаи умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар маҷмуъ 10 масъала баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






