Каролина Милов: «Барои мо 10-15 соли дигар боқӣ мондааст, то барои ҳалли мушкилоти экологӣ тадбир андешем»

Июнь 10, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Баргузории Форуми III минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ ниҳоят муҳим аст. Он имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳимро дар сатҳҳои гуногун баррасӣ намуда, минбаъд чӣ гуна идора кардани захираҳои обиро дида бароем»,-гуфт зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари барномаҳои Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалии (GIZ) Осиёи Марказии Сабз Каролина Милов.

«Мо бо мушкилот ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаем, дар ин масъала ба мо барои баррасӣ ва андешидани тадбирҳои қатъӣ бобати ҳалли мушкилоти экологӣ 10-15 соли дигар боқӣ мондааст. Ин гуна чорабинии муштарак имкон медиҳад, ки ҳамкориро пурзӯр намоем. Шуроҳои созмонҳои ҳавзавӣ бештар ҷамъ меоянд ва ҷамъият дар ҳалли мушкилот иштирок менамояд. Фикр мекунам, ки қадам ба қадам мо ба дастовардҳои бештар ноил мегардем»,-изҳор намуд Каролина Милов ва афзуд, ки чорабиниҳои қаблан гузаронида ва тадбирҳои андешида шароит фароҳам оварданд, ки баъзе тағйирот ба амал оянд.

«Барои расидан ба ҳадафҳои гузошта иқтидори мутахассисон дар самти идораи захираҳои об афзуда, қарорҳои бештар асоснокшуда ва ба амалия нигаронида таҳия гардида, бахши хусусӣ ҷалб карда мешавад, ҳуқуқ ва имконияти занон, ҷавонон, намояндагони қишрҳои осебпазири ҷомеа васеъ мегардад»,-иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият