«МЕПАРАСТАМ НОНИ ГАНДУМ». Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи майи имсол кишоварзони Тоҷикистон 8839 тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.
Ба иттилои манбаъ, имсол дар мамлакат дар 189 974 гектар гандум кишт гардид, ки то ин муддат 2086 гектари он ҷамъоварӣ шудааст.
Яке аз навъҳои муҳимтарини зироати хӯрокворӣ гандум мебошад. Дони гандум серғизо ва серкалория буда, захираи онро аз ду сол зиёд нигоҳ дошта мешавад.
Бояд гуфт, ки Сарвари давлат пайваста зимни суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ҳар оилаи тоҷик бояд захираи маҳсулоти хӯроквории худро дошта бошад.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, гандум яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро тоҷикон бештар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекунанд. Аз ин рӯ гандум маҳсулоте аст, ки онро метавон бештар захира намуд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 майи имсол дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара таъкид намуданд, «шиддат гирифтани ҳолатҳои буҳронӣ дар ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла низоъҳои мухталифи минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии пайиҳам моро водор менамоянд, ки барои тобовар гардонидани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз тамоми иқтидору заҳираҳои мавҷуда самаранок истифода барем».
Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд ҳастанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, зиёд гардидани ҳосили гандум аз кишти саривақтӣ ва истифодаи технологияи парвариши он вобаста мебошад. Барои рӯёнидани ҳосили баланди ғалладонагӣ истифода ва риоя кардани қоидаҳои кишоварзӣ (агротехникӣ) аҳамияти калон дорад. Яке аз шартҳои асосӣ коштани тухмии хушсифату яккачини навъҳои серҳосилу ба касалиҳо тобовар ба ҳисоб меравад. Мувофиқ будани иқлими макони кишт, босифат гузаронидани шудгор, аз алафҳои бегона тоза кардани замин, сари вақт бурдани мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ба ҳосили дон ҳосил зам менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






