Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле: «Мо ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу пиряхҳо баҳои баланд медиҳем»

Июнь 10, 2024 19:04

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Одри Азуле пас аз мулоқот барои гурӯҳи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти хабарӣ орост.

Дар оғоз ӯ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давъват ва мулоқот изҳори сипос намуд.

Зимни мулоқот оид ба муҳтавои ғании муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, бахусус дар бахшҳои илму фарҳанг таъкид гардид.

«Ман уҳдадориҳо ва ташаббусҳои неки Тоҷикистонро дар соҳаи обу пиряхҳо, аз ҷумла баргузории Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро дар шаҳри Душанбе истиқбол намуда, ба онҳо баҳои баланд медиҳам», — тазаккур дод Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле.

Ба таъкиди ӯ, дар мулоқот инчунин лоиҳаи ЮНЕСКО дар бораи «Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯи хатари обшавии пиряхҳо», ки метавонад ба аҳолӣ таъсири манфӣ расонад, баррасӣ гардид.

«Мо яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро дар соҳаи ҳифзи мероси бойи табиӣ ва фарҳангӣ муҳокима намудем. Мо бо вазирони фарҳанг ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба ворид намудани номинаҳои нави ҷониби Тоҷикистон ба феҳрести мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО суҳбат намудем», — гуфт дар анҷом Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле.

Ёдовар мешавем, ки Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ба Душанбе ташриф овардааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 19:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст