Намоиши ҷашнии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.
Зимни ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои фарҳанг Эрнесто Оттоне Рамирес доир ба мақому манзалат ва саҳми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди адабиёти оламшумули форсу тоҷик суханронӣ намуданд.
Дар намоиш осори илмию адабии Мавлоно, бахусус аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии машҳуртарин асари Мавлоно «Маснавии маънавӣ», ки онҳо аҳамияти бузурги таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Ҳамчунин дар намоиш асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигор Олимҷон Комилзода тасвир гардидаанд ва китобҳои «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон», ки дар онҳо ашъор ва ғазалиёти Мавлоно гулчин гардида, ба тозагӣ дар нашриёти «Ирфон» чоп шудаанд, ба маъраз гузошта шуданд.


Аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар намоиш сӯзаниҳо, ки бо ҳунари баланд омода гардидаанд ва муаррифи фарҳанги тоҷикон мебошанд, инчунин либосҳои миллии тоҷикӣ, ки дастранҷи тарроҳи шинохтаи тоҷик Хуршед Сатторов ҳастанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар намоиш аксҳо аз маросими ифтитоҳи мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Осори илмӣ–адабӣ ва фарҳангию ҳунарие, ки дар намоиши ҷашнӣ ба ифтихори гиромидошти Мавлоно дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба тамошо гузошта мешаванд, аҳамияти баланди таърихию фарҳангӣ дошта, инъикосгари ҳаёт, рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Мавлоно ва дар маҷмуъ фарҳангу тамаддуни тоҷикон мебошанд.


Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст. Осори бегазанди ӯ, аз ҷумла «Девони ғазалиёт» ё «Девони кабир» ва «Маснавии маънавӣ»-и Балхӣ аз дурдонаҳои арзишмандтарини адабиёти на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли халқияти дунё мебошад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин чеҳраҳои миллати тоҷик аст, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри XIII ба адабиёти тоҷик такони бузург бахшидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ӯро ҷаҳониён дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Эҷодиёт ва осори ба меросгузоштаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ имрӯз тарбиятгари насли наврасу ҷавон буда, аз таълифоти муҳими адабиёти халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






