Намояндаи доимии Тоҷикистон ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид-Занонро раисӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид-Занон таҳти раёсати муовини президенти Бюрои Шурои иҷроияи ин ниҳод – Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Зимни ҷаласаи Шурои иҷроия гузориши солонаи Созмони Милали Муттаҳид-Занон оид ба фаъолияти ахлоқӣ, маъруза оид ба вокуниши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид-Занон дар Осиё ва Уқёнуси Ором, ҳисобот дар бораи татбиқи қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (72/279) дар бораи дигаргунсозии низоми рушди Созмони Милали Муттаҳид ва маърӯза дар хусуси барномаҳо ва расмиёти Созмони Милали Муттаҳид-Занон дар барои мубориза бо истисмор, сӯиистифода ва озори ҷинсӣ муҳокима ва баррасӣ шуданд.
АКС: Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






