Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд

Ноябрь 2, 2026 09:51

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи англисизабони «The Times Kuwait» мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозириро зери унвони «Тоҷикистон хостори табдили робитаҳои мустаҳкам бо Кувайт ба шарокати малмуси сармоягузорӣ аст» нашр кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, ин мусоҳиба бо тамаркуз бар зарфияти иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон фурсатҳои наверо барои тавсиаи ҳамкории амалӣ бо Кувайт, ба хусус дар сайёҳӣ ва зерсохтҳо муаррифӣ мекунад. Ҳамчунин заминаҳои иштироки сармоягузорони кувайтӣ дар лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, густариши табодули тиҷоратӣ ва тақвияти иртибот байни бахшҳои хусусии ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ин мусоҳиба зимни ишора ба раванди рӯ ба густариши робитаҳои дӯстонаи ду давлат ва аҳаммияти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт 3-5 ноябри 2024 бар зарурати баҳрагирӣ аз зарфияти мавҷуд ва табдили дастовардҳои сиёсӣ ва тавофуқҳои дуҷониба ба лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид шудааст. Матни комили мусоҳиба аз тариқи пайванди зер қобили дастрасӣ аст:  https://timeskuwait.com/tajikistan-seeks-to-turn-strong-ties-with-kuwait-into-tangible-investment-partnerships/

АКС:  Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

 

Ноябрь 2, 2026 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид