Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /НИАТ «Ховар»/. 30 октябр дар доираи Шарҳи ҷаҳонии Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба мусоидат ва савдо, бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, ҷаласа таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар доираи ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои калидии марбут ба рушди савдо ва иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла бартараф намудани монеаҳои тиҷоратӣ, беҳтар намудани низоми транзитӣ, рушди инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ, таҳкими пайвастагии минтақавӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони кишварҳои аъзо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ, пешбурди афзалиятҳои тиҷоратӣ ва дастгирии рӯзномаи рушди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон аҳаммияти татбиқи «Барномаи амалиёти Аваза барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ барои солҳои 2024–2034» ҳамчун заминаи муҳими пешбурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратии ин кишварҳо таъкид гардид.
Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026 ҳамчун ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкиро бар уҳда дошта, ба таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо, пешбурди рӯзномаи муштарак ва ҳимояи манфиатҳои умумии онҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд






