Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид

Октябрь 30, 2026 11:33

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар рафти нишаст оид ба  натиҷаи ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ки 7-9 октября соли равон дар минтақаи миллии сайёҳии Авазаи Туркманистон баргузор шуданд, маълумот пешниҳод гардид.

Дар нишаст таъкид гардид, ки  ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои қабулгардида ва татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

 

Октябрь 30, 2026 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»