Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи чоруми Форуми марказҳои таҳлилии «Чин – Осиёи Марказӣ» сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 05.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи чоруми Форуми марказҳои таҳлилии «Чин – Осиёи Марказӣ» таҳти унвони «Ҳамкории мутақобилан судманд дар роҳи шукуфоии муштарак ва рушди устувор» баргузор гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода иштирок ва маърӯза намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Дар форум вазъи кунунии ҳамкории Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дурнамои тавсеаи ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, рушди иқтисоди сабз, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва коршиносӣ-таҳлилии Узбекистону Чин, роҳбарону коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Дар бахши аввали Форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода дар мавзуи «Тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Чин баҳри субот ва рушди Осиёи Марказӣ» маърӯза намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар пасманзари афзоиши тамоюлҳои харобиовар дар ҷаҳон, Тоҷикистон ва Чин бо пайравӣ ба суннатҳои қадимаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ҷиҳати таҳкими иртибототи муштарак ва равобити устувор саъю талош меварзанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






