Ноиби Президенти Замбия Мутале Налуманго: «Мо барои ҳалли мушкилоти норасоии об ба Душанбе омадем»

Июнь 10, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои мо аён аст, ки норасоии об чӣ гуна ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфтааст. Барои ҳалли ин мушкилот мо бояд ба ҳам оем ва барои ҳамин ба Душанбе омадем, то таҷрибаамонро мубодила карда, роҳҳои ҳалли ин масъаларо пайдо кунем. Ин матлабро ноиби Президенти Замбия Мутале Налуманго зимни ташрифаш ба Тоҷикистон баён намуд.

Мутале Налуманго иброз намуд, ки «мо ин ҷо барои мудирияти дурусти об ташриф овардаем. Фикр мекунам, ки барои Ҷумҳурии Замбия ин аз аҳамият холӣ нест».

Ба гуфти Мутале Налуманго, «ин конфронс дар замоне баргузор мегардад, ки Замбия рӯзҳоеро аз сар мегузаронад, ки қаблан дучор нагардида буд. Мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Ин раванд, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, моро водор мекунад, ки истифодаи оқилонаи обро ба роҳ монем».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об бо иштироки зиёда аз 30 ҳазор нафар ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, олимону коршиносони ҷаҳонии соҳаи об суханронӣ намуда, оид ба натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, ки ҳадафи он ду баробар кам кардани шумораи аҳолии ба оби нӯшокӣ ниёздошта буд, изҳори ақида намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «масъалаи норасоии оби нӯшокӣ мушкилоти як мамлакат ё минтақаи алоҳида набуда, балки мушкилоти умумиҷаҳонӣ аст, чунки он яке аз муҳимтарин омил барои зинда мондани инсоният аст».

Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ имрӯзҳо аз ташаббусҳои неки Тоҷикистон ҳарф мезананд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои ­пайваста дар самти ҳалли масоили об изҳори сипос менамоянд. Ин иқдом нишони он аст, ки Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти мардумони кишварҳои дигар бетафовут нест.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 10, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд