ОБОДИИ МАҲАЛ. Роҳи шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ба масофаи наздики 7 км навсозӣ мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Роҳи мазкур аз ҷониби корхонаи «Апрелевка» ва бо саҳмгузории сокинон ба таъмири ҷорӣ фаро гирифта шуда, бо ин мақсад техникаҳои роҳсозӣ ҷалб гардидаанд. Аз тарафи мутахассисони ҶДММ «Хуҷандроҳ» зиёда аз 5000 метри мураббаи ин роҳ асфалтпӯш карда мешавад.
Дар маросими оғози корҳои таъмиру тармими роҳи асосии шаҳраки мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят вусъат мегиранд.
Раиси вилоят хотиррасон шуд, ки дар ҳудуди вилоят бахшида ба ин ҷашни фархундаи миллӣ садҳо иншооти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистон, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ёфта, роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуривӣ ва маҳаллидошта таъмиру навсозӣ мегарданд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Консой зиёда аз 6 ҳазор нафар зиндагӣ дошта, сокинони он дар ҳамбастагиву муттаҳидӣ баҳри ободонии маҳали хеш талош намуда, мехоҳанд дар пешрафти Ватан — Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






