ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ВА НОРАСОИИ ОБИ ТОЗА. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар пешгирии ин мушкилот дар арсаи ҷаҳон беназир аст

Июнь 9, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 июни соли 2024 пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мизбони чорабинии байналмилалии сатҳи баланд — Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мегардад.

Ҳадафи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таваҷҷуҳи бештар намудан ба  масъалаҳои марбут ба об  ва саҳм гузоштан дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус Ҳадафҳои Рушди Устувори 6 –об ва беҳдошт мебошад, ки дастрасӣ ва идоракунии устувори об ва беҳдоштро барои ҳама баррасӣ мекунад.

Обшавии пиряхҳо ва норасоии оби тоза дар дунё ду масъалае ҳастанд, ки инсониятро ба ташвишу изтироб овардаанд. Дар арсаҳои байналмилалӣ аз аввалинҳо шуда, дар ин масъала бонги хатар задани Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест. Аввалан, ин иқдом аз бетафриқа набудани Пешвои миллати мо нисбат ба тақдири инсоният дар рӯи Замин ва закои инсонияшон  маншаъ бигирад, дуюм ин аст, ки мамлакати мо, мо тоҷикон кӯҳистон буда, мо дар сарманзили пиряхҳову манбаи оби зулоли сайёра умр ба сар мебарем. Яъне, мо ин  зуҳуроти изтиробангези сайёраро сол ба сол ба чашми сар мебинем.

Дигар ин аст, ки агар Худо накунаду пиряхҳо об шаванд ва хушксолӣ ба вуҷуд ояд, аввалин мавзее ки бе об мемонад, боз ҳамин худи кӯҳистон аст, ки солҳои охир ин ҳолатро низ мардуми мо ба мушоҳида мегиранд. Бинобар ҳамин ин ифтихороти мо аз он ки мо дар саргаҳи обҳои зулол ҳастем, ин ҷиҳатро ҳам дорад, яъне, дар ҳолати хушксолӣ аввал беобӣ таъсир ба деҳоти   кӯҳистони мо мегузорад. Дар он солҳое, ки каму беш хушксолӣ таҳдид мекарду бориш кам мегардид, мо дидем, ки бисёре аз чашмаҳои маҳз деҳоти кӯҳистон хушкиданд ва мардуми кӯҳистон ранҷҳои зиёде аз беобӣ кашиданд. Коҳиши обе, ки ҳам барои кишту кор лозим асту ҳам барои парвариши боғу зироат  ва ҳам барои истеъмоли рӯзгор, мушкилоти зиёде ба бор меоварад. Чаро? Зеро дар мавридҳои кам шудани об обҳои боқимондаи  кӯҳҳо асосан ба зери замин  мераванд ва на ба тариқи  рӯдҳову чашмаҳо ҷорӣ мегарданд, чуноне ки дар солҳои фаровонии об мешавад.  Обҳои боқимонда  ба маҷрои зеризаминии худ рафта, дар поёноб,  дар водиҳову  ҳамвориҳо рӯ мезананд.  Ин далели таҳдиди хушксолӣ аввал ба кӯҳистон аст. Аммо имрӯз беобиву хушксолӣ на танҳо ба кӯҳистон, балки ба тамоми сайёра таҳдид дорад.

Чунонки гуфтем, Президенти Тоҷикистон аз он пешсафоне  мебошанд, ки ин масъалаи мубраму тақдирсоз, яъне, кӯшишҳои  гирифтани пеши роҳи  обшавии пиряхҳои сайёра ва норасоии оби тозаро ба инсоният пайваста дар арсаҳои ҷаҳонӣ ба миён мегузоранду саҳми бориз ва эътирофгардида дар ҳалли ин мушкили сайёраву инсоният доранд.

Маҳз иқдоми Пешвои миллати мо буд, ки Созмони Милали Муттаҳид солҳои охир дар мавриди мушкили оби тоза нуҳ қарору барнома дар ин самт қабул намудаву панҷ  пешниҳод ва ташаббуси Пешвои миллати моро мавриди амал қарор дод.

Маҳз ҳамин ташаббусҳои Пешвои миллати мо буданд, ки  моҳи июни соли 2018 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 дар пойтахти ватани мо- шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конференсияи мазкур  ба масъалаи об, истифодаи он ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда бахшида шуда буд.

Мо ифтихор аз он дорем, ки маҳз бо пешниҳод ва масъалагузориҳои Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид чандин барномаҳои байналмилалии марбут ба об – ин масъалаи барои инсоният хеле муҳим ва ҷиддӣ қабул гардидаву пайгирӣ карда мешаванд. Барномаҳое, чун “Соли байналмиллалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амилиёт “Об барои ҳаёт, 2005 – 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” аз ин ҷумла ҳастанд.

То ҳанӯз дар ҷараёни ин амалиёт ва ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаҳои зиёди арзишнок андӯхта шудаанд. Дар ин раванд масъалаҳои идоракунии захираҳои об, беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ ва беҳдошт, ҷорӣ кардани технологияи нави замонавӣ, маърифат оид ба табиат ва об ҷойи хоссаро ишғол мекунанд. Солҳои охир илова ба гармшавии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо, офатҳои табиӣ, афзоиши аҳолӣ, афзоиши талабот ба об, шиддати рақобат барои манбаъҳои об ин мушкилиро афзунтар менамоянд, ки ин ҳолат дахолати фаврии кишварҳоро тақозо дорад. Аз ин рӯ, саҳм ва ташаббусҳои Тоҷикистон ва Сарвари он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб истиқбол гардидаву аксулсадо ва вокунишҳои  бештаре дар ҷаҳон пайдо мекунанд.

Аз он хусус, ки пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷикон заминаҳои қавии ҳаётӣ доранд, борҳо гуфтаем. Тоҷикистон солҳои охир барои ҳалли масъалаи дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб 1 миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар панҷ соли охир тақрибан 1,2 миллион нафар бо оби босифат ва 600 ҳазор нафар бо оби ошомидании бехатар  таъмин гардиданд.

Пешвои  миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи биступанҷсолагии   баргузории  Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳар сол дар кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад, таъкид намуданд, ки “об меҳвари асосии рушди устувор аст”.

Дар суханронии Пешвои миллати мо борҳо ёдрас гардидааст, ки “имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад”.  Ва вобаста  ба ин таъкид  шудааст, ки ”захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро дар истифода ва ҳифзи захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.

Метавон қаноатманд буд, ки  ҳамкорӣ дар ин раванд бо бисёр кишварҳо вусъати тоза гирифта,  аз таҷрибаи ҳосилшуда пешниҳоди навбатӣ доир ба таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳвариро  ишғол менамоянд, асоси мустаҳкам гузошт. Хусусияти хоси барномаи нави рушди устувор, чунонки Сарвари давлат таъкид доштанд, дар он аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидаанд.

Пешвои миллати мо ҳамчун яке аз ташаббускорони масоили мушкили об дар сайёра  дар ин замина  ба ҳамаи кишварҳои ҳаммуаллифи қатъномаи  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард, изҳори ташаккур намуданд.

Президенти Тоҷикистон аз санади ниҳоии панел, ки таҳти унвони “Ҳар қатра об ба ҳисоб гирифта шудааст. Рӯзнома барои амал” доир гардид, ёдовар шуда, се қисми асосии онро муҳим шумурда буданд:

1. Асоснокӣ барои амал;

2. Рӯзномаи ҳамгироёнаи амал дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ;

3. Суръат бахшидан ба тағйирот, ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкории байналхалқӣ дар сатҳи глобалӣ.

Аз ҷониби Пешвои миллат изҳор шуда буд, ки ин санад тавсия ва ташаббусҳои Панелро дар ҳалли масъалаҳои об дар  сатҳҳои гуногун, бо мақсади ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла, ҳадафҳои шашуми рушди устувор расидан ҷамъбаст менамояд.  Дар ин ҳадафҳо муҳимияти арзиш бахшидан ба об ва аз фаҳмиши арзиши иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва табиии он, муносибатҳои ҳамоҳангшуда ба идораҳои захираҳои об, кам  кардани хатари офатҳои табиӣ, ноил шудан ба устувории инфрасохтор ва иқтисодиёт ба таври хосса нишон дода шудаанд.

Аз ҷониби Сарвари давлат  таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иштирокчии Панел ва ташаббускори Даҳсолаи  байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” минбаъд ҳам тавсияҳои Панелро дар ҳамаи сатҳҳо дастгирӣ менамояд  ва онҳоро то ҳадди имкон амалӣ мегардонад.

Имрӯз ҳам он омилҳое, ки Сарвари тоҷикон дар роҳи ҳалли мушкили об номбар карда буданд, аҳамияти худро доранд ва раҳнамои дақиқе дар ҳалли ин масъалаи ҷиддии башарӣ мебошанд.

Бори дигар бояд ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон дар омили якум тағйирёбии иқлимро гузоштаанд, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор буда, ҳама кӯшишҳоро дар роҳи ноил шудан ба рушди устувор заиф месозад. Барои далел чунин санадҳо оварда шуданд, ки  дар даҳсолаҳои охири асри 20 дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне 30 фоизи он  талаф ёфта, ин раванд босуръат давом дорад. Танҳо пиряхи Федченко, ки аз ҳама калонтарин аст, ба андозаи беш аз як километр коҳиш ёфта, масоҳаташ то беш аз 11 километри мураббаъ кам  гардид ва давоми беш аз ду километри мукааб  яхаш аз байн рафт. Ҳамчунин дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, офатҳои табиии марбут ба об сол то сол афзуда, зиёнҳои зиёде ба бор меоранд.

Омили дуюмро Пешвои миллатамон дар афзоиши аҳолӣ ва талаботи ҳарчи бештар ба захираҳои об мебинанд, ки мураккабиҳои зиёд ва вобаста ба ин вазифаҳои нав  пешорӯи мо мегузоранд.

“Шиддати рақобат барои манбаи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад”, –таъкид мекунанд Сарвари давлат. Ва пешниҳод мекунанд, ки “ба таври васеъ ҷорӣ кардани равишҳои якҷояву алоқаманд идоракунии захираҳои об барои беҳтар намудани механизмҳои мавҷуда дар соҳаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва байниҳукуматӣ имконияти нав ба вуҷуд меоранд”.

Дар пешниҳоди сеюми Президенти Тоҷикистон ҷанбаи тендерии об дар назар гирифта шудааст, яъне, ҷалби занон ба раванди рушд, тақвияти нақши онҳо дар “идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об” самаранок хоҳад буд.

Омили чаҳорум аз назари Сарвари Тоҷикистон татбиқ ва таҳким додани нақшаҳо ва амалҳо мебошад. Хусусан истифода аз захираҳои  инсониву молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадам.

Оқибат, омили панҷумро Пешвои миллати мо дар ҳамкории кишварҳо берун аз ҳудуди худ барои таъмини сулҳу субот дидаанд.

Дар суханронии Президенти Тоҷикистон чунин санадҳо оварда мешаванд: ”Имрӯз беш аз 276 ҳавзаи дарёии байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошанд, вуҷуд дорад. Ҳамкории самаранок метавонад василаи муассири тавсеа дар соҳаи об гардад ва норасоии иқтидори он метавонад хатари ҷиддӣ ва хароҷоти зиёд ба вуҷуд оварда, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои маҳсур ба хушкӣ таъсири манфӣ расонад.

Ахиран Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023, ки 22-24 март таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Подшоҳии Нидерланд Виллем Александр дар Ню Йорк баргузор гардид, низ аз ҷумлаи самараҳои иқдоми Пешвои миллати мо аст.

Дар чорабинии канории  “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмиллалии  пиряхҳо”, ки бо ташаббуси  Тоҷикистон  дар  доираи  Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид баргузор карда шуд,  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  Антонио Гуттерриш,  Президенти Боливия Луис Аберто Арое, Дабири кулли Созмони байналмиллии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, директори  генералии  Агентии байналхалқӣ оид ба неруи ҳастаӣ Мариано Гросси, директори  генералии  Иттифоқи  байналхалқии  ҳифзи табиат Бруно Оберлӣ ва муовини  директори ЮНЕСКО Син Тсюя  иштирок ва суханронӣ карданд, ки ин ҳама арҷгузорӣ  ва эҳтиром ба шахсият ва иқдоми Сарвари тоҷикон аст. Бешубҳа,  ин конфронси бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон баргузогардида ба ҳалли буҳрони об ва беҳдошт  дар сайёра  мусоидат менамояд.

Аз хуҷастагиҳо ва аҳамияти байналмиллалии ин Конфронс  олимону муҳаққиқони бисёр сухан карданду сухан хоҳанд кард. Чорабинӣ дар Ню Йорк қадами аввал дар роҳи татбиқи  қатъномаи  нави Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо ба шумор меравад. Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҳадафи чорабинӣ, пеш аз ҳама,  муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои  муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад. Ин ҳамоиш ҳамчунин  барои таҳияи уҳдадориҳои  муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб дар натиҷаҳои конфронси таърихӣ хизмат менамояд.

Президенти Тоҷикистон дар суханронияшон таъкид намуданд, ки  ҳадафи пешниҳоди эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид  сохтани талошҳо барои андешидани тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад. Ин ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2025 мизбони  Конфронси байналмиллалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо  хоҳад буд, далели нақши бузург ва обрӯи байналмиллалииТоҷикистон ва фаъолияти хастагинопазири Сарвари  муҳтарами он  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи мубрами ҷаҳонӣ ва мушкили башарият мебошад.

Президенти Тоҷикистон бо итминон  изҳор намуданд, ки талошҳои якҷояи кишварҳову созмонҳо дар ин самт самараи дилхоҳ  медиҳад ва мо соли 2025 дар Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ  бахшида ба ҳифзи пиряхҳо  дар ҳалли  ин масъалаи муҳим метавонем таҳаввулоти ҷиддиро амалӣ  гардонем.

Инак, ташаббусу иқдоми Пешвои миллати мо зуҳури  тоза ба худ  мегиранд.

Тавре гуфтем, аз 10 то 13-уми июни имсол  маҳз дар пойтахти Ватани мо- шаҳри Душанбе  барпо гардидани Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”солҳои 2018-2028” нишони мавқеи қавию устувори Тоҷикистон ва Пешвои миллати он дар ҳалли ин мушкили сайёра мебошад.

Умедворем, ки ташаббусҳои Пешвои миллати мо, иқдоми нав ба нави тарафи Тоҷикистон, ҷалби ҳама кишварҳои сайёра ба ин масъалаи ҳаётан муҳими инсоният ва ҳамкориву ҳамраъйии инсоният дар ин ҷода бенатиҷаву бе пирӯзӣ нахоҳад монд.

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
«Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
Намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Риёз дар Саммити об иштирок намуданд
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват гардиданд
«ҶАШНИ МЕҲРГОН» ВА «САНЪАТИ СОХТУ НАВОХТАНИ РУБОБ». Тоҷикистон ин номинатсияҳои муштаракро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод намуд