«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мусобиқаи футболи хурд, ки 11-13 июн дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар вилояти Хатлон хабар доданд, мусобиқа ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар оғози мусобиқаи варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад. Илова бар ин амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Барномаи махсуси Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон «Дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумуҳрии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мебошад.
Пас аз баргузории даври сеюми мусобиқа, дастаҳои футболбозони ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, ғолибият ба даст оварданд. Ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дуюм насиби дастаи футболбозони ноҳияи Вахш, ҷойи якум ва «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гардид.
Ба дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ниҳоии бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат дода шуд ва ғолибони мусобиқа бошад бо медалу туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар минтақаи Кӯлоб низ чунин мусобиқа гузаронида мешавад.
АКС: Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар вилояти Хатлон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






