ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» қарор гирифт

Июнь 16, 2024 09:32

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Рақибони дастаи мо тимҳои мунтахаби Уммон, Сингапур ва Гуам хоҳанд буд. Бозиҳо дар ин гурӯҳ аз 19 то 27 октябри соли 2025 дар Сингапур баргузор мешаванд.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 10 дастаи ғолиби гурӯҳ ва 5 тими беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 16, 2024 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад