ҶОМИ ОСИЁ-2025. Моҳи сентябр марҳилаи интихобии мусобиқа баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 29 сентябри имсол дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар гурӯҳи «Е» якҷо бо дастаҳои Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад.
Бар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ, 10 ғолиби гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 6 то 23 феврал дар Чин баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






