Операторро иваз кардан мехоҳам. Чӣ тавр рақамҳои лозимиро гум накунем?

Июнь 18, 2024 13:04

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вақте муштарӣ ба МегаФон Тоҷикистон меояд, симкорти нав мегирад. Оё фаҳмидан мумкин аст, ки кадом шахс ба рақами куҳна занг зада бошад, магар метавонем тамоси лозимиро гум накунем — ё баръакс, аз зангҳои нолозим раҳоӣ ёбем? Албатта мешавад. Оператор хизматрасонии «Рақами нави шумо»-ро махсус барои ҳамин таҳия кардааст.

Хизматрасонии «Рақами нави шумо» дар ду реҷа — дутарафа ва яктарафа амал мекунад. Якумаш барои онҳое мувофиқ аст, ки оператори алоқа ё танҳо рақами телефони худро иваз кардаанд, аммо мехоҳанд муоширатро бо ҳамаи нафароне, ки дар рӯйхати тамосҳои қаблӣ буданд, идома диҳанд. Ин чунин кор мекунад: автоинформатор ба шахси анҷомдиҳандаи занг ба рақами пешина хабар медиҳад, ки муштарӣ рақамро иваз кардааст ва рақамҳои ҷориро мегӯяд, баъдан СМС бо маълумот дар бораи рақами нави муштарии даъватшаванда фиристода мешавад. Муштарие, ки ба ӯ занг задан мехостанд низ СМС-ро дар бораи он шахсе, ки рақами пештараи ӯро чидааст, қабул мекунад. Пас аз ин, ҳар ду ҷониб танҳо бояд рақамҳои телефони ҷориро ба рӯйхати тамосҳои худ илова кунанд ва онҳоро барои зангҳои минбаъда истифода баранд. Ҳамин тариқ, маълумот дар бораи рақами нави абонентӣ барои ҳамаи зангзанандагон дастрас аст.

Агар ба муштарӣ нигоҳ доштани ҳамаи тамосҳои SIM-корти пештара лозим набошад, ӯ метавонад реҷаи яктарафаро интихоб кунад. Дар ин ҳолат вай дар бораи шахсоне, ки ба рақами пештараи ӯ занг заданд, СМС- огоҳӣ мегирад ва метавонад интихоб кунад, ки муоширатро бо кӣ идома диҳад.

Барои пайвасткунии хизматрасонии «Рақами нави шумо» муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бояд ду амалро иҷро кунад:

— дар рақами пештара интиқоли бечунучарои ҳамаи даъватҳои овозиро ба рақами хизматрасонии +99290566666 фаъол намояд;

— SIM-корти навро гузорад ва барои фаъолгардонии хизматрасонӣ дархости *270* Рақами пештараи шумо# фиристад (он бояд дар формати +992XXXXXXXXX гирифта шавад).

Агар муштарӣ минбаъд ягон амале иҷро накунад, пас аз ду моҳ хизматрасонӣ ба таври автоматӣ қатъ мешавад. Агар лозим бошад, «Рақами нави шумо»-ро дубора барои ҳамон давра пайваст кардан мумкин аст. Амали хизматрасониро тариқи дархости *270# тамдид карда метавонед.

Хизматрасонии «Рақами нави шумо» ройгон пешниҳод карда мешавад. Барои фаъолнокии он, дар тавозуни рақами пештараи худ гузоштани маблағи ҳадди ақал кифоя аст .

«Рақами нави шумо» -ро пайваст кунед — ва ягон зангро аз даст надиҳед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Июнь 18, 2024 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар ноҳияи Данғара вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД. Китобҳо дар нигоҳ доштани забон нақши аввалияро мебозанд
Дар кӯчаҳои Хоруғ 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд