Пагоҳ иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад

Июнь 18, 2024 08:21

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 июни соли равон иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 19 июни соли 2024, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллӣ баргузор мешавад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июни соли 2024 аз соати 09-00 то соати 17-00 ва 19 июни соли 2024 аз соати 08-00 то 09-30 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо метавонанд барои маълумоти бештар гирифтан бо телефонҳои 221-98-35, 223-19-48 муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид