Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд»

Июнь 11, 2024 13:06

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо аст, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» изҳор намуданд.

Аз ин лиҳоз, ба таъкиди Сарвари давлат, мавзуи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавияти сиёсати Тоҷикистон муайян гардидааст.

«Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин радиф Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки барои суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об асоси воқеӣ гузоштааст, махсус таъкид карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ