Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид

Октябрь 29, 2026 14:46

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  28 октябр дар Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера (2025–2034)» дар мавзуи «Тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ» машварати  илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт хабар медиҳад, дар машварат масъалаҳои асосии омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, банақшагирии хатсайри экспедитсия, интихоби таҷҳизоти илмӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ, тартиби ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ ва усулҳои коркарди натиҷаҳои бадастомада мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин аҳамияти истифодаи асбобҳои геодезӣ, гидрометеорологӣ ва глятсиологӣ дар омӯзиши хусусиятҳои морфологӣ ва динамикии пиряхҳо шарҳ дода шуд.

Таъкид шуд, ки истифодаи дурусти таҷҳизоти илмӣ ва татбиқи методикаҳои стандартии тадқиқот имконият медиҳанд, ки маълумоти саҳеҳ ва боэътимод оид ба тағйирёбии пиряхҳо ба даст оварда шавад.

Машварат барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва такмили малакаҳои амалии кормандони илмӣ ва мутахассисони ҷавон аҳамияти калон дошта, ба рушди тадқиқоти криосферӣ, беҳтар гардидани сифати корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии маълумоти боэътимоди илмӣ мусоидат менамояд.

АКС: Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Октябрь 29, 2026 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои обу энергия нақши бунёдӣ доранд
Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ниҳоди президентӣ ва рушди давлатдории миллӣ конференсия доир шуд
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон китоби дарсии «Сарваршиносӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Вена Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) баргузор гардид
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд