Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд

Июнь 3, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар шаҳри Алмато дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқоти хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, инчунин самтҳои афзалиятдори робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид