Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парламентии СААД иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи Шуро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин доир гардид, масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид карданд, ки фаъолияти муштараки давлатҳои аъзо дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба самарабахшии ҳамкории байнидавлатӣ дар таъмини ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо мусоидат менамояд.
Иброз гардид, ки дар замони шиддат пайдо кардани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ афзалияти тавсеа ва баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодӣ дар доираи Созмон меафзояд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шуроро ба таҳдидҳои эҳтимолӣ дар марзҳои ҷанубӣ бо Афғонистон ҷалб карда, таъкид намуданд, ки вазъияти мураккаби ин кишвар метавонад барои минтақаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оқибатҳои манфии дарозмуддат дошта бошад.
Зимни суханронӣ ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти амалӣ намудани тадбирҳои муштаракро бобати таъмини амнияти фазои иттилоотии Созмон ва пешгирии истифодаи ғаразноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро аз ҷониби созмону гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ зарур шумориданд.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






