РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сеюми сатҳи баланд ҷаласаи пленарӣ баргузор гардид

Июнь 11, 2024 15:52

ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз баъд аз ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ли Ҷунҳуа ҷаласаи пленарӣ доир шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи пленарӣ масъалаҳои марбут ба обу иқлим, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об, тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти коҳиш додани пайомадҳои марбут ба обу иқлим, нақши Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар ҳалли масъалаҳои гуфташуда баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, хусусан аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсис ёфтани Фонди ҳифзи пиряхҳо бори дигар ҷаҳонро ба андешидани тадбирҳои муассир доир ба ин масъалаҳо водор менамоянд. Дар ҷаласаи пленарӣ қарорҳои марбута қабул ва баррасӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.

Зимни Конфронси сатҳи баланд Президенти мамлакат оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон иброз намуданд, ки “мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳим муттаҳид созем”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои то имрӯз дар ин самт анҷомёфтаро нокифоя дониста, барои дарёфти роҳҳои нави расидан ба ҳадафҳо бо пешниҳодҳо баромад намуданд.

Президенти Тоҷикистон бо истифода аз ҳузури коршиносони сатҳи баланд дар конфронс зарур шумурданд, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид гирифтаи кишварҳову созмонҳои марбута барои амалу иқдоми наву таъсирбахш кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Марзия САИДЗОДА,
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар дафтари СММ дар Арабистони Саудӣ оид ба Конфронси Душанбе чорабинӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд
Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси 4-уми Душанбе ҳамчун майдони муколамаи васеъ дар ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи об мусоидат менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Фестивали об гузаронида мешавад