РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе Форуми оби Африқо баргузор гардид

Июнь 10, 2024 16:56

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми оби Африқо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форумро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Форуми оби Африқо барои баррасии таҳлили  пешрафт дар татбиқи мавқеи умумии Африқо ва паёмҳои калидӣ дар Конфронси обии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 пазируфта шудааст».

Форум аз ҷониби Комиссияи Иттиҳоди Африқо, Шурои вазирони захираҳои оби Африқо, Ҷумҳурии Арабии Миср ва Ҷумҳурии Сенегал бо мақсади баррасии пешрафт дар татбиқи мавқеи умумии Африқо ва пайомадҳои калидии он дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор карда шуд.

Бояд гуфт, ки Форуми оби Африқо ба ҷонибҳои манфиатдор имкон фароҳам меорад, ки корҳои нотамомро муайян ва ҳамчунин мавзуъҳои навро дар масъалаи об ва беҳдошт дар Африқо таҳия намоянд. Дар форум ҳамзамон барои таҳияи Санади консептуалии оби Африқо барои пас аз соли 2025, ки ба эҳтиёҷоти воқеии Африқо ҷавобгӯ буда, мусоидат мекунад, муҳокима карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи ниҳоии форум ҳамгироии унсурҳои  Даҳсолаи  амал оид ба об  дар рӯзномаи баъдӣ дар давраи  пас аз  соли 2025 барои татбиқи ҳамоҳангшуда ва идоракунии самараноки захираҳо мебошад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон