РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Меҳмонон-иштирокчиёни Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳи ЭКСПО Душанбе молу хидматрасонӣ аз бахшҳои мухталифи саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Меҳмонон имкон пайдо намуданд, ки дар намоишгоҳ бо навтарин дастовардҳои корхонаҳои Тоҷикистон шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба кор оғоз намуд. Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок доранд.
Инчунин рафти кори конференсияро беш аз 300 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки аз ин шумора 120 нафар хабарнигорони хориҷӣ мебошанд, инъикос доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»