РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис ба Тоҷикистон ташриф овард

Июнь 9, 2024 11:56

ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  Деннис Фрэнсис барои иштирок дар Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ба Душанбе ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан иттиллоъ додем, дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии  беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Барои иштирок дар Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга, Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин, Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго, Мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана, Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазли, муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва дигар меҳмонони воломақом ба Душанбе даъват шудаанд.

Тибқи маълумот барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ наздик ба сесад нафар намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.

АКС: Созмони Милали Муттаҳид

Июнь 9, 2024 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд