РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Рен Чинг Чун: «Иқдоми ҷаҳонии Тоҷикистонро дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ менамоем»

Июнь 13, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Мардуми Чин дар кори Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯйи таҳкими ҳамкории мутақобил судманди ин ду давлат мебошад. Ин матлабро намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Рен Чинг Чун зимни баргузории конфронс ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд.

Рен Чинг Чун иброз намуд, ки мо аз иқдоми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ менамоем.

Рен Чинг Чун афзуд, ки «ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон мебошад. Табиати дилнишин, гулҳои шукуфон, манзараҳои сайёҳӣ ва хусусан захираҳои обҳои табиии мамлакати шумо ба ман хеле писанд омад».

Ёдовар мешавем, ки 11-12 июн дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд