РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи хотимавии Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд доир гардид

Июнь 12, 2024 19:28

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ли Ҷунҳуа ва намояндагони давлатҳои иштирокчии Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чорабинии хотимавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинии хотимавӣ мавзӯъҳои  давоми чанд рӯз дар ҳошияи конфронс мавриди таҳлил  қарор гирифта, аз моҳияти  он натиҷагирӣ карда шуд.

Таҳлилгарону коршиносон, ки  ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд ба Душанбе ташриф овардаанд, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо саривақти арзёбӣ намуда, дурнамои рушди онҳоро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ натиҷабахш маънидод намуданд.

Қоҳир Расулзода  таъкид кард, ки Конфронси сеюми Душанбе платформаи муттаҳидсозӣ ва дарёфти иттилооти зарурӣ оид ба об гардида, низомеро таҳия хоҳад кард, ки ҳукуматҳо, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон нақшаву ҳадафҳои неки худро тавассути он амалӣ хоҳанд намуд.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, он ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк гузаронида шуд, занҷираи марказӣ гардид.

Иброз гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим, хусусан ҳифзи пиряхҳо аз сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва  байналмилалӣ метавонад дар татбиқи пурраи ҳадафҳои Даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  нақши арзишманд гузорад.

Тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои оби Рӯзномаи рушди 2030 масъалаи меҳварии Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ташкил дод.

Баргузории Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фаррохи муколама, баррасиии  мавзӯъҳои рӯзмарраи об ва иқлимро бо иштироки коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба вуҷуд овард.

Дар охир аз натиҷаҳои баргузории конфронс бо дарназардошти пешниҳодҳо Эъломияи Душанбе қабул гардид.

 

Марзия САИДЗОДА,
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД, Зоҳирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 19:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд