РУШДИ ИЛМ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат

Июнь 8, 2024 13:28

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пешрафти ҳар миллатро рушди илм ва технология инъикос мекунад ва аз ҳамин лиҳоз мавқеи ин соҳа дар сиёсати давлатҳои ҷаҳон нақши калидӣ дорад. Дар замони истиқлолият илми тоҷик агарчи дар тамоми самтҳо рӯ ба пешравӣ дорад, аммо ҳанӯз ҳам кор барои аҳли илм хеле зиёд аст. Масъалаи муҳиме, ки дар назди системаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, ин пайвастагии он бо иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа мебошад, зеро бе назарияи мукаммали исботшуда ягон самти ҳаёти инсон пешрафт карда наметавонад. Ин вазифа дар назди аҳли илм ҳанӯз соли 2020 дар вохӯрии Пешвои миллат бо олимони мамлакат  гузошта шуда буд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардид, ки тартиби ташкил ва баргузории озмуни лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии заминавӣ, грантӣ ва барномавии мақсаднокро танзим менамояд. Чунин иброз намудааст Насим Мамадсалимов, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев.

— Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ навсозии самти муассисаҳои илмӣ ҷорӣ карда шуд, ки асоси онро фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳия ва амалисозии вазифаҳои стратегии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ҳамвора дастгирии молиявӣ ва моддии соҳаи илм низ зиёд карда шуд. Чуноне  ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат 30 майи соли 2024 гуфта шуд, «маблағгузории соҳаи илм танҳо соли 2024 ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023   45 миллион сомонӣ зиёд мебошад».

Чунин дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бахусус Пешвои миллат имконияти олимонро барои ҷорӣ намудани кашфиёт ва навовариҳои илмӣ афзоиш дод. Тавре таҷриба нишон медиҳад, дар ҳолати имрӯза ҳар рисолаи илмӣ дар самти номзадӣ ва докторӣ саҳифаи нави илмро кушода,а дар системаи илми муосир навоварӣ ва кашфиёт ворид менамояд. Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо олимон иброз намуданд, ки ҳоло дар мамлакат 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд». Вобаста ба рушди маориф ва илм ҳаминро бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати маърифатпарвар дар арсаи минтақа ва ҷаҳон шинохта шуд, зеро зиёда аз 40 фоизи буҷети онро барномаҳои иҷтимоӣ ва маориф ташкил медиҳанд. Дар зиёда аз 30 соли истиқлолият 3430 бинои таълимӣ сохта шуданд, ки дар онҳо 15 миллион хонандагон таҳсил мекунанд. Бинобар афзоиши аҳолии мамлакат Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки минбаъд ҳар сол бояд на кам аз 200 бинои таълимӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Бинобар зарурати таъмини тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар  руҳияи ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ нақши илми таърихро низ бояд хотиррасон шуд, зеро илми таърих барои миллат аҳамияти на танҳо маънавӣ, балки идеологӣ низ дорад ва он ҳамчун сарчашмаи идеяи миллӣ бевосита дар мадди назари давлат қарор дорад. Таҷрибаи инкишофи илми таърихи миллати тоҷик имкон дод, ки дар муддати хеле кӯтоҳ Тоҷикистон аз вартаи таъсири таърихсозони радикалӣ берун шуда, таърихи ҳақиқӣ ва воқеии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дар ин масир яке аз дастовардҳои намоёни илми таърихи замони истиқлолият- ин таҳқиқоти дорои характери таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар самти омӯзиши тамаддуни тоҷикон саҳми калон гузоштанд. Дар асарҳои худ Пешвои миллат фалсафаи таърихи тамаддуни тоҷикон ва стратегияи омӯзиши ин илмро инъикос намуда, консепсияи илми таърихро мавриди таҳлил қарор медиҳанд. Имрӯз дар шароити рушди босуръати илми таърих тадқиқот хислати соҳавӣ ва байнисоҳавӣ гирифтанд ва тавре ки Пешвои миллат изҳор намуданд, «ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем».

Аз ин рӯ омода кардани мутахассисон дар ин самтҳо баҳри рушди илми таърих, баланд гардидани обрӯи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши таърихи ватанӣ мусоидат менамояд. Бо ҳамин мақсад дар «Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд ин соҳа нақши калидӣ дошта бошад, зеро донистани таърихи миллат барои пешрафти дигар самтҳо ҳамчун неруи худшиносии миллӣ зарур ва муҳим мебошад. Аммо дар баробари ин вобастагии илми тоҷик дар самтҳо ва равандҳои илмҳои дақиқ ва риёзӣ низ бояд аз давлатҳои хориҷӣ кам карда шавад ва барои ҳамин ҷорӣ намудани системаи “самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ” аз тарафи Ҳукумати мамлакат хеле ба маврид аст.

Умедвор ҳастем, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимон ҳамчун вазифаҳои стратегӣ барои минбаъд амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ, инкишофи сатҳи тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуввияти миллӣ хизмат мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз мо, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар иҷро ва амалисозии барномаҳо ва нуктаҳои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз 30 майи соли 2024 саҳми назаррас гузорем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таълимии Хатлон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ 987 медал ба даст оварданд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба нақши иқтисоди даврӣ дар таъмини самараноки захираҳои табиӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба энергетика ва дурнамои рушд конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактаби баррасӣ гардид
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?
Дар шаҳри Ҷинан мулоқоти намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид
Лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули таҷриба ба Чин мераванд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд