35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ шумораи муассисаҳои соҳаи маориф меафзояд
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Такфони деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ кӯдакистон барои 80 нафар, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва бунёди чанд иншооти таъйиноти гуногун, бомаром идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иттилоъ медиҳад.
Дар деҳаи Такфон 3 иншооти муҳим — бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон барои 80 нафар ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо дастгирии ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» мавриди навсозӣ қарор доранд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаи таълимии томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳраки Зарафшон-2, деҳаҳои Ревад, Фатмев, Ғаберуд, Похут, Томин ва Урметан сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ оғоз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия соли гузашта ва дар нуҳ моҳи соли равон сохтмони 3 муассисаи таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди 4 муассиса 6 муассисаи томактабӣ ба анҷом расид. Илова бар ин, 4 майдончаи варзишии назди муассисаҳои таълимӣ навсозӣ гардид.
Ҳамчунин, дар деҳаи Ғаберуди деҳоти Анзоб бинои нави таълимӣ қомат афрохт. Муассиса аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи муосири сохтмон сохта шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тасмим гирифтааст дар ҳар деҳае, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ дар он зиндагӣ менамояд, муассисаи таҳсилоти томактабӣ бунёд намояд. Дар ин замина дар деҳаи Томин, яке аз деҳаҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Айнӣ сохтмони кӯдакистони муосир оғоз гардид. Тибқи нақша, ин муассиса дуошёна буда, барои 60 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Иншооти нав бо тамоми шароити муосир бунёд гардида, дорои ҳуҷраҳои таълимӣ, утоқҳои хоб, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ ва техникиву беҳдоштӣ хоҳад буд. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва сокинони саховатпешаи деҳа амалӣ мегарданд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 таъкид гардидааст: «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин гардад».
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






