Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардорони шуъбаҳои якум ва дуюм дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳо дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Истиқлоли вилояти Суғд, Хуросон, Норак, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ — Роғун, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар ҳидоят намуда, доир ба мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона, ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бо ёдоварӣ аз вазъи зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон таъкид гардид, ки иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз ҳар як корманди соҳа ва бахусус, ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳушёрию зиракии доимӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд.
“Донистани забонҳои хориҷӣ, бо назардошти таҳдидҳои замони муосир истифода аз технологияҳои рақамӣ, такмили донишу маҳорати касбӣ, омодагии ҷисмонӣ, интихоб ва таъини кадрҳои дорои савияи донишу малакаи баланди касбӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як роҳбари воҳидҳои сохтории вазорат ба ҳисоб мераванд”, — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар доираи Низомнома ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва муборизаи беамон бо коррупсия дар тамоми сохторҳои вазорат аз дастурҳои Пешвои миллат буданд, ки зимни суҳбат ироа гардид.









Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






