Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налумангоро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 10, 2024 17:15

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налумангоро ба ҳузур пазируфтанд.

“Ҷумҳурии Замбия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистонро дар соҳаи об, яъне эълон кардани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”-ро дар Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ намуд. Мо аз ин иқдоми кишвари шумо сипосгузорем”, — изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз сатҳи робитаҳои имрӯзаи сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Замбия ва ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он,  изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Барои рушди муносибатҳои дуҷониба мувофиқи мақсад дониста шуд, ки масъалаҳои таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, роҳандозии робитаҳои Палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ба баррасӣ гирифта шаванд.

Рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба амри муҳим дониста шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истихроҷу коркарди маъдан ва табодули таҷриба дар ин соҳаҳо, инчунин, роҳандозии равобити фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, истифодаи зарфиятҳои фаровони сайёҳии Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори муносибатҳо номида шуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро муҳокима намуданд.

Мулоқот бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго 10.06.2024

Июнь 10, 2024 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон