Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод

Июнь 13, 2024 16:22

ДУШАНБЕ, 13.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари ҳайати меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба  Неругоҳи барқи обии «Норак» Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима дар ин макон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об баëн намуд.

Зимни суҳбат  Раймон Сима иқдоми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муҳим ва башардӯстона арзёбӣ кард.

Ҳангоми  шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Норак» Раймон Сима изҳор намуд, ки сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳамаи кишварҳои ин минтақа манфиати зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оваранд.

Ӯ ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати зебою нотакрори кишвари моро биҳишти кашфношуда дар рўи замин арзёбӣ намуд.

Тавре Сарвазири Ҷумҳурии Габон изҳор намуд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сайёра пешсаф буда, бо иқдому ташаббусҳои бузурги башардӯстона дар масъалаи об ва дигар масоили умдаи байналмилалӣ  Сарвари давлати Тоҷикистон   дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон шахсияти шинохта мебошанд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2024 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»