Се корманди «Амонатбонк» ғолиби озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» шуданд
ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон», ки дар Душанбе ҷамъбаст гардид, се корманди Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ғолиб дониста шуанд, хабар медихад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».
Ғолибони озмуни мазкур- мудири филиали №71-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон Зайнаб Мамадназарова дар номинатсияи «Корманди беҳтарини роҳбарикунанда», муовини сардори Идораи методология ва бозомӯзии кормандон Фирӯза Файзуллоева дар номинатсияи «Корманди беҳтарини идораи фаръи (Бэк офис)» ва муовини директори Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ Мавҷуда Ҳакимова дар номинатсияи «Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ» мебошанд.
Озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон», ки бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ташкил шудааст, ҳадафаш ҳавасмангардонӣ ва баланд бардоштани мавқеи занон дар соҳаи бонкдорӣ, аз ҷумла дар баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии занон дар ҷомеаи муосир, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба саҳми занон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, раванди тақвиятбахшии иштироки занон дар ҳама самтҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши молиявию бонкдорӣ мебошад.
Озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияҳои «Корманди қарзии беҳтарин», «Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ», «Корманди беҳтарини роҳбарикунанда», «Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ» ва «Корманди беҳтарин Идораи фаръӣ» гузаронида шуд.
Ғолибон барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи баланди касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб гардиданд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занону бонувони ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касби худ мусоидат намуда, дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат нақши муассир мегузорад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






