Шаш паҳлавони тоҷик соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Париж- 2024 гардид

Июнь 5, 2024 14:34

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шаш паҳлавони тоҷик соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 гардид. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Аз ҳафт вазн мо дар шаштои он роҳхати олимпӣ ба даст оварда шуд. Дар вазни то 66 кг ду варзишгар — Обид Ҷебов ва Эмомалӣ Нуралӣ барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Париж холҳои заруриро касб карданд, вале бинобар он ки холҳои Эмомалии Нуралӣ бештар буданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бозиҳо ӯ намояндагӣ менамояд.

Хотиррасон мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷудо дар Бозиҳои олимпии Париж шаш паҳлавон: Муҳммадсолеҳ Қувватов, Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳруз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов муаррифӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, аввалин бор дар таърих шаш ҷудочии тоҷик саҳмияи олимпӣ ба даст овард. Дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи доштани теъдоди саҳмияҳои олимпӣ байни мардон дар ҷудо фақат Ҷумҳурии Узбекистон аз мо пеш аст. Аз дастаҳои мунтахаби Узбекистон 7 нафар байни мардон ва 4 нафар байни занон, Қазоқистон — 6 нафар байни мардон ва 3 нафар байни занон, Тоҷикистон 6 нафар байни мардон, Қирғизистон 2 нафар байни мардон ва Туркманистон 1 мард ва 1 зан роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро соҳиб гардиданд.

Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола — Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ мебошад, ки аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегардад.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2024 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад