Шумораи бабри барфӣ ё озодапаланг дар Маркази солимгардонӣ ва парваришгоҳи ноҳияи Мурғоб ба шаш сар расид

Июнь 2, 2024 15:37

МУРҒОБ, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини ҳифзи бехатарии бабри барфӣ дар ноҳияи Мурғоб дар масоҳати 10 гектар Маркази солимгардонӣ ва парваришгоҳ бунёд гардида, ҳоло дар он 6 сар озодапаланг парвариш ва нигоҳбин карда мешавад. Ин марказ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳафт гектари он пурра ба талаботи солимгардонӣ мутобиқ гардида, ташаббусҳои мушаххас дар самти ҳифзи ин ҳайвони нодир ба роҳ монда шудаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Бабри барфӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро паланги ширмол ё озодапаланг низ ном мебаранд, нодиртарин ҳайвони ваҳшӣ ба шумор меравад, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари дунё зиндагӣ мекунанд. Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 300 сар бабри барфӣ сабт шуда, он ҳамчун ҷонвари махсуси  ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст.

Дар маркази солимгардонии ноҳияи Мурғоб шаш сар озодапаланг парвариш мешавад. Ин ҳайвоноти нодир ҳангоми ҳамла ба чорвои шахсии сокинони ноҳияҳои Роштқалъаву Рӯшон ва Ишкошим дастгир ва  ба ин минтақа оварда шудаанд. Барои нигоҳубини ин ҳайвони нодир муҳити махсус дар шароити баландкӯҳ муҳайё гардидааст. Кормандони марказ бар он назар ҳастанд, ки озодапаланг асосан дар баландии беш аз шаш ҳазор метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ намуда, ҳамгоми пир шудан дар табиат аз ҳаёти озод маҳрум монда, дигар наметавонад сайди хешро пайдо намояд, аз ин хотир онҳо дар Маркази солимгардонӣ нигоҳубин карда мешаванд.

Аз ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бабрҳои барфии дар парваришгоҳ ҳифзшаванда сари вақт бо хӯрок таъмин карда мешаванд. Ба як сар озодапаланг дар як рӯз аз ду то се килограмм гӯшт дода мешавад. Ҳоло як байтор ва чор муҳофиз дар Маркази солимгардонӣ ба парвариш ва нигоҳубини бабри барфӣ машғул мебошанд.

Ба ақидаи мутахассисон, бо мақсади ҳифзи ин ҳайвони нодир Барномаи махсуси давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ барои солҳои 2023-2028 қабул гардидааст. Амалисозии ин барнома дар ноҳияи Мурғоб аз ду марҳила иборат буда, дар оянда дар заминаи бинои мавҷуда, ки аз утоқҳои корӣ ва ҷойи хоб, инчунин ташхисгоҳ иборат мебошад, бо дастрас гардидани таҷҳизоти муосир амалиёти ҷарроҳӣ ва дигар корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ низ дар ин марказ гузаронида мешаванд. Озодапаланг дар се сол як маротиба насл медиҳад. Ба ин далел шикори ин ҳайвони нодир ва дар айни замон зебо дар Тоҷикистон  манъ аст.  Барои шикори ин ҷонвари камёб қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот таъйин намудааст.

Макони аслии бабри барфӣ дар шарқи Бадахшони Тоҷикистон буда, дар ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ва Ишкошим низ ба  мушоҳида мерасад. Бо сабаби  сербарф омадани зимистон бо мақсади ҷустуҷӯи ғизо озодапаланг ба маҳалҳои аҳолинишин фаромада, ба чорвои хонагӣ ҳамла мекунад. Дар се соли охир зиёда аз 100 сар ҳайвони хонагиро нобуд кардааст, аммо сарфи назар аз ин сокинони деҳа ба ин ҳайвон осеб нарасонда, аксар вақт зинда дастгир карда, ба ихтиёри кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳия месупоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2024 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад