«СИ ҶИНПИН ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ». Маҳфили китобдӯстони Тоҷикистону Чин дар Душанбе ба ин мавзуъ бахшида шуд

Июнь 22, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили китобдӯстони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Си Ҷинпин дар бораи идоракунии давлатӣ» баргузор гардид. Иштирокдорони маҳфил ҳамчунин бо китобҳои дигар нависандагони чинӣ, ки ин ҷо ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тавре муовини директори Иттиҳодияи алоқаҳои байналмилалии Чин Юй Юнчуен ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, панҷ сол муқаддам дар ҳамин толор ҷилди аввали нашри тоҷикии китоби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» муаррифӣ гардида буд. Дар даҳ соли охир ин асар ба 41 забон тарҷума ва нашр гардида, ба 180 давлати ҷаҳон паҳн шудааст. Китоби мазкур барои хонандагон ҷиҳати пайдо намудани маълумот дар бораи сиёсати пешгирифтаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва стратегияи Ҳизби коммунистии Хитой мусоидат менамояд.

Дар ҷилди 1-уми китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» дар тарҷумаи тоҷикӣ 79 асар, аз ҷумла суханронӣ, суҳбат, тезиси маъруза, мусоҳиба, қайду хулоса, паёмҳои шодбошӣ ва амсоли инҳо, ки санаи аз 15 ноябри соли 2012 то 13 ноябри соли 2014-ро фаро мегирад, ҷамъ оварда шуданд. Дар китоб 45 акси Си Ҷинпин, ки дар давраҳои гуногун, вале пас аз анҷумани ХVIII Ҳизби коммунистии Хитой рӯи кор омада, ворид шудаанд.

Юй Юнчуен тазаккур дод, ки « имрӯз Чин таҳти роҳбарии Си Ҷинпин стратегияи миллии рушди илму маориф, неруи инсонӣ, навоварӣ ва рушди иқтисоди сифатан нави истеҳсолӣ ва босифатро суръат бахшида, дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ низ саҳм мегузорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст, ки фаъолона амалӣ мешавад. Ин ду давлат ҳадафҳои рушди ба ҳам наздик доранд».

Гуфта шуд, ки китоби мазкур барои аз наздик шинос шудани хонандагони тоҷик бо пешрафти Чин ва усулҳои муосири идоракунии давлатӣ дар ин мамлакат мусоидат менамояд. Бо шарофати сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мамлакат ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву техникӣ ноил шудааст, ки он ба таври мухтасар дар китоби мазкур дарҷ гардидааст.

Китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, падидаи муҳим маҳсуб шуда, хонандагонро бо таърихи пурғановати гузаштаю имрӯза, орзуву омоли наҷиби мардуми Чин, муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дурнамои ин мамлакат ва миллати соҳибтамаддун, ки дар арсаи олам аз зумраи пешсафтаринҳост, ошно месозад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки баргузории маҳфили дуҷонибаи имрӯза, идомаи мантиқии робитаҳои фарҳангии ду давлати дӯст мебошад. Боиси ифтихор ва мавриди ёдоварист, ки соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо иштироки Сарвари давлат, ки бо забони чинӣ тарҷума гардида буд, муаррифӣ гардид. Китоби мазкур барои хонандагони чинӣ имкон фароҳам овард, ки дар бораи фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик маълумот пайдо намоянд.

Вазири фарҳанг ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин иброз доштанд, ки «Мо Чинро ҳамчун дӯсти боэътимод ва шарики самимии худ мешуморем».

Шоири халқи Тоҷикистон иброз намуд, ки дар тарҷумаи китоби мазкур саҳмгузор аст, гуфт, ки ин асар омӯзанда буда, сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ, умуман мавзуъҳои гуногуни давлати Чинро фаро гирифта, барои ҳар як хонанда сарчашмаи маълумоти саҳеҳ мебошад. Дӯстиву равобити мардуми тоҷику чин аз дӯстии беғаразона ва бародаронаи сарварони ду мамлакат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маншаъ мегирад. Равобити фарҳангии ин ду давлат таърихи хело бостонӣ дорад ва дар даврони соҳибистиқлолии тоҷикон он бештар густариш ёфта, мустаҳкам гардидаст.

«Барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бояд китобҳои шоирони ин ду давлат тарҷума ва нашр шаванд, то хонандаи ҳар ду мамлакат аз ҳаёти халқҳои якдигар пурратар воқиф гарданд»,-афзуд Муҳтарам Ҳотам.

Ёдовар мешавем, ки нашри китоби Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Си Ҷинпин аз соли 2014 оғоз шуда, дар мудати кутоҳ ба бисёр забон нашр гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди аввали китоби мазкур соли 2019 аз ҷониби нашрияи «Адиб»-и Вазорати фарҳанги мамлакат бо теъдоди ду ҳазор нусха тарҷума ва нашр гардид.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст
Имсол дар Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 6 агентии иттиллоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият дорад
Дар Бадахшон бо иштироки ҳайати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ доир шуд
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр баргузор мешавад
Ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё бо ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории Суғд шинос мегардад
Олимони Чин бо фаъолияти расадхонаҳои Тоҷикистон шинос шуданд
Вобаста ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир гардид