СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хоруғ аз ҷониби гурӯҳи корӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав шарҳ дода шуд
ХОРУҒ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону тоҷирон ва сармуҳосибони идораву муассисаҳои давлатӣ мулоқот намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Гурӯҳи корӣ ба мақсади шарҳу тавзеҳи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва мақсаду моҳияти он ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар карда, бо қишрҳои мухталиф ҷомеа мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Нахустин мулоқоти худро гурӯҳи корӣ бо соҳибкорону тоҷирон ва сармуҳосибони идораву муассисаҳои давлатии шаҳри Хоруғ баргузор намуданд.
Муовини сардори Раёсати такмили қонунузории Кумитаи андоз Назирҷон Назирзода изҳор дошт, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав аз моҳи январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт. Мутобиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади рушди устувори иқдисоди ҷумҳурӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби андозбандӣ ҷиҳати ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии мамлакат, ҷорӣ кардани технолгияҳои рақамӣ, таъмини воридоти маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ таҳия шудааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки яке аз дигар ҳадафҳои қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав беҳтар кардани сатҳи рақобатнокии иқтисоди миллӣ тавассути аз қонунгузорӣ берун кардани имтиёзҳои бесамар, фароҳам овардани фазои солиму боадолат ва муҳайё кардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар раддабандиии агентиҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисоди миллӣ шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ кардани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ва якҷоя намудани андозҳои бо ҳам алоқаманд аз 10 то ба 7 намуд кам карда шуд. Илова бар ин, дар Кодекси мазкур ба андозсупорандаҳо якчанд имтиёзҳои пешбинӣ шудаааст. Аз ҷумла даромади андозбандии шахсони воқеӣ 12 фоиз муқаррар гардидааст, ки қаблан 13 фоиз буд.
Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат дониста мешавад. Бо дарназардошти ин ҷиҳати дастгирии субъектҳои сайёҳӣ меъёри андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ низ 7 фоиз муқаррар гардид, ки нисбат ба меъёри қаблӣ 11 фоиз кам мебошад. Ин омил боиси боз ҳам рушд кардани ин соҳа ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мегардад.
Дар фарҷоми мулоқот аъзои гурӯҳи кории Кумитаи андоз ва соҳибкорону сармуҳосибон дар бораи муқаррароти мухталифи қонунгузорӣ дар масъалаи андозбандӣ байни худ мубодилаи афкор намуданд ва аъзои гурӯҳи корӣ ба суолҳояшон посухҳои мушаххас гардонданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






