СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУКУҚӢ. Ба ин муносибат дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ,21.06.2024.АМИТ «Ховар»/. «Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ- омили муҳими муқовимат ба коррупсия» -таҳти чунин унвон дар доираи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 доир ба нақши Конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҳамчун қонуни асосӣ, ки он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад, ибрози назар намуданд. Дар ин замина Президенти Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Гуфта шуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон табодуоли назар намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он натанҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд






