Таҳкими дурнамои ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баррасӣ шуд

Июнь 14, 2024 10:29

ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июни соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сафири дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо таҳкими дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар медиҳад.

Директори Марказ оид ба тавсеаи ҳамкорӣ байни кишварҳои қитъаи Осиё, бахусус Осиёи Марказӣ дар шароити гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунӣ иброз намуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ҳамкории марказҳои зеҳнӣ барои тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд басе муфид ва саривақтӣ мебошад. Хусусан, бо суръати назаррас рушд намудани ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ хеле зарур ва муҳим мебошанд.

Зимни мулоқот масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди неруи «сабз» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки сол то сол робитаҳои гуногунсоҳаи мамлакати мо бо давлатҳои дигар, созмонҳои бонуфузи байналмилалии сиёсӣ ва ташкилоти молиявию сармоягузорӣ торафт густариш меёбанд ва самарабахш мегарданд. Ин далели он аст, ки густариши сиёсати «дарҳои боз», муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо тамоми кишварҳои олам ҳамчун афзалияти устувору бетағйири сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар ҳарчи бештар дар масири ҳамкории мутақобилан судманд гомҳои устувор ниҳода, аз имконияти  ба даст омада самаранок истифода менамояд.

Ҳамзамон дар мулоқот оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бахусус имконоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва логистика, инчунин таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти илм, технология ва инноватсия ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ибрози андеша карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст