То 1 сентябри соли 2025 ҷамъиятҳои хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонии Душанбе пурра ба низоми нақлиёти барқӣ мегузаранд
ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғул ҳастанд, муваззаф гардидаанд, ки дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 тадбир андешанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Яъне, тибқи қарори дахлдор ширкатҳои кироякаши таксӣ вазифадор гардидаанд, ки то 1 сентябри соли 2025 пурра ба воситаҳои нақлиёти электромбил гузаранд.
Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати кироякаши таксӣ фаъолият менамоянд, ки барои онҳо 4350 квота барои воситаҳои нақлиёти кироякаш муайян шудааст. То 6 июни соли 2024 аз 4350 воситаи нақлиёти кироякаш 2451 адади онро электромобил ташкил медиҳад. 1914 адади он воситаи нақлиёти дорои муҳаррики дарунсӯз мебошад, ки намои зоҳирии онҳо зард аст. Таносуби электромобил нисбат ба талабот 56, 3 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи ин қарор, шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе бояд барои пурра ба низоми барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятҳои кироякаши таксӣ мусоидат намоянд.
Гуфта мешавад, ки ин қарор бо мақсади иҷрои муқаррароти Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Консепсияи мазкур дар заминаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки 31 октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, таҳия ва мавриди амал қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон тавлид менамояд. Дар робита ба ин, истифодаи электромобилҳо дар мамлакат аз ҳар ҷиҳат ба мақсад мувофиқ ва самараноктар аст. Истифодаи электромобилҳо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар аст, балки аз ҷиҳати экологӣ низ тоза буда, вобастагии ҷумҳуриро аз бархе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.
Ба иттилои масъулин, солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр давлатҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, мамлакатҳои дорои захираҳои бойи нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир менамоянд.
Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор гардид, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо амалисозии тадбирҳои пешбинишуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
«Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Ҳамчунин Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба мамлакат, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.
Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат баҳри тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат чораҷӯӣ менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд






