То 1 сентябри соли 2025 ҷамъиятҳои хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонии Душанбе пурра ба низоми нақлиёти барқӣ мегузаранд

Июнь 7, 2024 17:38

ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғул ҳастанд, муваззаф гардидаанд, ки дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то  1 сентябри соли 2025 тадбир андешанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Яъне, тибқи қарори дахлдор ширкатҳои кироякаши таксӣ вазифадор гардидаанд, ки то 1 сентябри соли 2025 пурра ба воситаҳои нақлиёти электромбил гузаранд.

Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати кироякаши таксӣ фаъолият менамоянд, ки барои онҳо 4350 квота барои воситаҳои нақлиёти кироякаш муайян шудааст. То 6 июни соли 2024 аз 4350  воситаи нақлиёти кироякаш 2451 адади онро электромобил ташкил медиҳад. 1914 адади он воситаи нақлиёти дорои муҳаррики дарунсӯз мебошад, ки намои зоҳирии онҳо зард аст. Таносуби электромобил нисбат ба талабот 56, 3 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи ин қарор, шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии  «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе бояд барои пурра ба низоми барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятҳои кироякаши таксӣ мусоидат намоянд.

Гуфта мешавад, ки ин қарор бо мақсади иҷрои муқаррароти Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Консепсияи мазкур дар заминаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки 31 октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, таҳия ва мавриди амал қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон тавлид менамояд. Дар робита ба ин, истифодаи электромобилҳо дар мамлакат аз ҳар ҷиҳат ба мақсад мувофиқ ва самараноктар аст. Истифодаи электромобилҳо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар аст, балки аз ҷиҳати экологӣ низ тоза буда, вобастагии ҷумҳуриро аз бархе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.

Ба иттилои масъулин, солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр давлатҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, мамлакатҳои дорои захираҳои бойи нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир менамоянд.

Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор гардид, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо амалисозии тадбирҳои пешбинишуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

«Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.

Ҳамчунин Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба мамлакат, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат баҳри тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат чораҷӯӣ менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2024 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Пагоҳ Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Карамов муваққатан қатъ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 4-уми раисони шаҳрҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
ОҒОЗИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Имрӯз дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид
Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 зиёда аз 110 ширкати сайёҳӣ ва намояндагони 16 давлат иштирок намуданд
Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 оғоз ёфт
Ҳасани Саъдидӣ аз Эрон: «Шаҳри Душанбе гавҳари арзишманд дар қалби Осиёи Марказӣ аст»
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе оғоз ёфт
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 оғоз гардид