«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Хоруғ даври вилоятии ин озмун оғоз гардид

Июнь 24, 2024 15:35

ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки дар он  330 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок мекунанд.

Тавре дар Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, дар даври аввали озмун 751 нафар довталаб иштирок намуд, ки ба даври дуюми озмун 330 нафар (аз 12 то 17 сола 240 нафар, аз 18 то 35 сола 90 нафар) роҳхат гирифтанд.

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева иброз дошт, ки миллати тоҷик аз қадимулаём дорои фарҳанги бою ғаннӣ буда, маҳз бо расму  суннатҳои аҷдодии худ дар ҷаҳон маъмулу машҳур мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Точикистон-Ватани азизи ман» барои сокинони ин диёр имконият фароҳам овард, ки истеъдодҳои нав ба майдони фарҳангу ҳунар ворид гарданд.

«Ин озмуни ҷумҳуриявӣ, ки давоми чанд сол боз аз сатҳи ҷамоатҳо то сатҳи ҷумҳуривӣ баргузор мегардад, даҳҳо ҳунармандони навро кашф ва ба роҳи санъату фарҳанг раҳнамун сохт. Ҳадафи баргузории озмун ин пайдо намудани чеҳраҳои нав ва сайқал додани малакаву маҳорати сарояндагию навозандагӣ, дизайнерӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа маънидод карда мешавад»,-гуфт номбурда.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 84 нафар довталаб аз руйи номинатсияи санъати тасвирӣ — дизайн ва ороиши амалӣ- бадеӣ иштирок намуда, ҳунари худро аз қабили муҳрабофӣ, кандакорӣ ва расомӣ пешкаши аъзои ҳакамон намуданд.

АКС: Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 24, 2024 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад