ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АРЗАНДАТАРИН НЕЪМАТ ВА БУЗУРГТАРИН САРМОЯ. Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 26, 2024 10:24

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар доираи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки воқеан Ваҳдати миллӣ барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дорои ҳувияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷаъмиро дар замири худ мепарваранд.


Бо ёдоварӣ аз фазои сулҳу суббот ва ороми мамлакат иброз карда шуд, ки ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.

Дар идома оид ба эҳтирому арҷгузорӣ ва пос доштани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, тарғиби ғояҳои миллӣ ва урфу оддатҳои аҷдодӣ, инчунин ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ва дар ин замина ба ҷо овардани ҳамдигарфаҳмию эҳтироми якдигар, ки ба ваҳдати миллӣ оварда мерасонад, ибрози назар карда шуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Июнь 26, 2024 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад