Яке аз дуюмин сабаби ба марг дучор омадани инсоният ифлос шудани ҳаво мебошад

Июнь 30, 2024 10:10

ДУШАНБЕ, 30.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи хулосаи Пажуҳишгоҳи омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба саломатии инсон, ифлос шудани ҳаво яке аз дуюмин омилҳои асосии дучор шудани инсоният ба марг гардидааст, — иттилоъ медиҳад расонаи хабарии Kazinform бо истинод ба Созмони Миллали Муттаҳид. Ифлос шудани ҳаво торафт ба саломатии одамон таъсири бештар мерасонад: танҳо дар соли 2021 ин омил сабаби фавти 8,1 миллион одам дар рӯи ҷаҳон гаштааст, — омадааст дар ҳисоботи расмии ин пажуҳишгоҳ.

Ҳоло дар ҷаҳон миллионҳо сокинони сайёра, ки гирифтори бемориҳои давомдор бар асари ифлосшавии ҳаво шудаанд, зиндагӣ дошта, чунин ҳол ба ташкилотҳои ҳифзи тандурустӣ, иқтисодиёт ва набзи ҷомеа сарбории барзиёд овардааст.

Мувофиқи ҳисоботи нашршуда, соли 2021 марги беш аз 700 ҳазор кӯдаки то синни 5-сола маҳз бар асари ифлосшавии ҳаво ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора марги 500 ҳазор кӯдак дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво дар шароити хона — ҳангоми омода намудани хӯрок бо истифода аз сӯзишвории хатарнок, ба монанди ангиштсанг, асосан дар мамлакатҳои Африко ва Осиё ба қайд гирифта шудаанд.

Муайян шудааст, ки яке аз омилҳои ифлоскунандаи ҳаво заррачаҳои устувори элементҳои кимиёвии озон (O3) ва диоксиди азот (NO2) мебошанд, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Соли 2021 7,8 миллион одам бинобар ифлосшавии ҳаво аз таъсири заррачаҳои элементҳои кимёвии PM2.5, озон ва диоксиди азот, аз дунё гузаштаанд, ки 90 фоизи шумораи одамони аз таъсири ҳаво фавтидаро ташкил мекунад. Ин заррачаҳо он чунон ноайён ҳастанд, ки дар аввал худро дар шуши инсон ҷой карда, сипас ҳамон тавр ноайён ва ба осонӣ ба хун мегузаранд. Тадриҷан узвҳои одамро заиф карда, хатари авҷ гирифтани бемориҳои дилу рагҳои хунгузарро дар шахсони калонсол зиёд мекунанд. Одамон ба бемориҳои сактаи майна, сактаи қалб, касали қанд, саратони шуш  гирифтор мешаванд. Яке аз далелҳои ифлос будани ҳаво дар ин ё он минтақа мавҷуд будани элементҳои кимёвии  озон (O3), диоксиди азот (NO2) ва элементи кимиёвии PM2.5 дар муҳити зисти он минтақа мебошад.

Сабабҳои ифлосшавии ҳаво истифодаи сӯзишвории вазнин дар соҳаҳои нақлиёт, сохтмон, саноат, энергияи аз ангиштсанг ҳосилшуда ва сӯхтори ҷангал мебошанд. Партовҳои аз ин сӯзишвориҳои истифодашуда пайдошуда, на танҳо ба саломатии одамон таъсири бад мерасонанд, балки боиси пайдо шудани газҳои гулхонаӣ мегарданд ва сабаби гармшавии иқлим мешаванд.

Соли 2012 дар саросари ҷаҳон бар асари таъсири дурударози озон 489 ҳазору 518 нафар ба марг дучор шуданд. Бо дарназардошти он ки дар сайёраи Замин бинобар тағйирёбии иқлим торафт бештар гармшавии ҳаво ба қайд гирифта мешавад, дар минтақаҳои алоҳида низ таъсири элементи кимиёвии озон ба ҳаво афзоиш меёбад. Табиист, ки чунин ҳолат ба саломатии инсон боз ҳам таъсири бадтар мерасонад.

Аз ифлосшавии ҳаво аз ҳама бештар кӯдакон зарар мебинанд. Ҳатто зарари ифлосшавии ҳаво ба онҳо ҳангоми дар батни модар будан эҳсос мешавад ва мутаассифона, он зарар метавонад то охири умр онҳоро пайгир бошад. Таъисри бади ҳавои ифлос ба кӯдакон ба бемориҳои варами шуш ва зиққи нафас алоқаманд мебошад. Дар ҷаҳон ҳар панҷумин кӯдаке, ки бар асари беморӣ мефавтад аз бемории варами шуш мемирад.

Фавти кӯдакони то синни 5-сола бар асари ифлосшавии ҳаво дар мамлакатҳои Африкои Шарқӣ, Ғарбӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ сад маротиба бештар аз мамлакатҳое будааст, ки сатҳи баланди даромад доранд.

АКС: ЮНИСЕФ / В. Панжвани

Июнь 30, 2024 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт