Ҳайати соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик ҳайати соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин хусус дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати Кумитаи дӯстии Парлумони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии доктор Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо, ки дар Душанбе доир гардид, иттилоъ дода шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки раиси кумита ба ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ доир ба вазъи ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.
Инчунин оид ба натиҷаи тавофуқҳои ҳосилшудаи ҳайати Тоҷикистон бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Халид Ал-Фалих, муовини якуми вазири саноат ва сарватҳои маъданӣ ва роҳбарияти ширкатҳои «ACWA POWER» ва «EXIM BANK»-и Арабистони Саудӣ маълумот пешниҳод гардид.
Ба ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятнок, хусусан саноат, кишоварзӣ, энергетика ва сайёҳӣ муаррифӣ шуданд.
Инчунин масъалаҳои марбут ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, созишномаи ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар вохӯрӣ баррасӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад






