АМИТ «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасад. Дар ин хусус 2 июл зимни вохӯрии директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо муовини директори хадамоти русии «CGTN»-и Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ҷин Жунг иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки вохӯрии имрӯза ба ҳамкории минбаъда такони нав мебахшад.
Ба барқарор намудани робита байни АМИТ «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «China Media Group» изҳори умед карда шуд. Ин иқдом дар ҳамкорӣ дар самти огоҳонидани шаҳрвандони ду давлати ҳамсояи дӯст — Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун қадами нав арзёбӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд






