Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» дар Душанбе ду тарабхонаи дигар месозад

Июль 16, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ба мисли тарабхонаи «Баҳор — Форел», ки имрӯз дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ифтитоҳ гардид, боз ду тарабхонаи дигар сохта мешавад. Дар ин хусус роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» имрӯз зимни кушодашавии тарабхонаи «Баҳор — Форел», ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид, иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки бинои тарабхонаи «Баҳор — Форел» аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои се толори калон, ҳуҷраҳои алоҳидаи оилавӣ, нуқтаи фурӯши моҳӣ ва дигар ишнооти ёрирасон мебошад. Масоҳати умумии иншоот наздики 1 гектар буда, бо ифтитоҳи он зиёда аз 100 ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.

Дар тарабхона имкон аст, ки дар як вақт ба зиёда аз 500 нафар хизмат расонида шавад. Хӯрокҳо аз моҳӣ дар ин тарабхона аз тарафи ошпазони моҳир омода мегардад.

Дар тарабхона ҳамчунин дигар навъи хӯрокҳои милливу аврупоӣ бо таъму лаззати хос тайёр ва пешниҳоди мизоҷон мегардад ва ба таъкиди масъулон танҳо аз моҳӣ наздики 20 навъ хӯрок ва дар умум 100 навъ ғизо ва хӯришҳо омода карда мешавад.

Дар фурӯшгоҳи назди тарабхона моҳии зинда, дудпаз, тухми моҳӣ, гӯшти парандаи истеҳсоли худӣ ва чорво ба фурӯш бароварда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст