Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад, ки аз 27 июл то 1 августи соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди ниҳоӣ гарм шуда, чангу ғубор ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо хавфи омадани сел боқӣ мемонад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин рӯзҳо, бар асари болоравии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об, ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел дар натиҷаи об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки афзоиши дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ метавонад сабабгори об шудани пиряхҳо ва барфҳо шавад ва ин ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо оварда мерасонад.
Ҳамчунин 30 июл то 1 августи дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои марказии тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе тағйирёбии обу ҳаво, тӯфони чангу ғубор дар назар аст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.
Ёдовар мешавем, ки мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки чангу ғубор ба саломатии инсон, хусусан ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои роҳҳои нафас- асмаи бронхиалӣ, илтиҳоби шуш, омоси шуш, ҷоғар, бемории дилу рагҳо- фишорбаландӣ, бемории ишемикии дил мебошанд, таъсири манфӣ мерасонад.
Бино ба гуфтаи табибон, шахсоне, ки мубталои бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафас мебошанд, инчунин ҳассосият доранд, ҳангоми ба амал омадани чангу ғубор ҳолаташон вазнин мешавад, нафастангӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, фишорбаландӣ фишорпастшавӣ, кашишхӯрии рагҳои гардан, дард дар қафаси сина, гум шудани иштиҳоро эҳсос менамонд.
Аз ин рӯ, онҳо бояд аз ниқобҳои якдафъаинаи тиббӣ истифода баранд, дар маҳалҳои чангу ғубор камтар гаштугузор намуда, об нӯшанд, хонаро бо латтаи тар тез-тез пок созанд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, доруҳое, ки табибон ба онҳо тавсия додаанд, дар вақташ истифода намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






