БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали биринҷӣ гардид

Июль 30, 2024 20:50

ДУШАНБЕ, 30.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сомон дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд.

Дар даври ¼-ниҳоӣ варзишгари тоҷик бо Тато Григалашвили аз Гурҷистон гӯштин гирифта, аз ӯ шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт.

Дар марҳилаи тасаллобахш Сомон бар варзишгари Узбекистон Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад.

Варзишгари тоҷик дар рақобат барои медали биринҷӣ бар ҷудочӣ аз Италия Антонио Эспозито ғолиб омада, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Ин нахустин медали дастаи олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аст. Бо ба даст овардани медали биринҷӣ Сомон Маҳмадбеков тавонист баъд аз 16 сол аз риштаи ҷудо барои Тоҷикистон медали олимпиадаро соҳиб шавад. Қаблан, соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 паҳлавони дигари тоҷик Расул Боқиев ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардида буд.

Ғолибони вазни -81 кг:

1. Таканори Нагасе (Ҷопон)
2.Тато Григалашвили (Гурҷистон)
3. Ли Ҷунҳван (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон)

АКС аз бойгонӣ

Июль 30, 2024 20:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад